LIVE

Рӯйхати номзадҳо барои ҷоизаи " FIFA The Best 2025 " эълон шуд

Ҷоизаи  FIFA The Best 2025 ФИФА  рӯзи сешанбе, 16 –уми декабр дар шаҳри Доҳа баргузор мешавад. Ёздаҳ ба ҳайси футболбоз номзад дониста мешаванд. Рӯйхати пурра чунин аст: Коул Палмер (Челси), Педри (Барселона), Усмон Дембеле (ПСЖ), Витиня (ПСЖ), Ламин Ямал (Барселона), Ҳарри Кейн (Бавария Мюнхен), Нуну Мендеш (ПСЖ), Ашраф Ҳакимӣ (ПСЖ), Муҳаммад Салоҳ (Ливерпул), Килиан Мбаппе (Реал Мадрид) ва Рафиня Рафаэл Диас Беллоли (Барселона).
Ҳамлагари ПСЖ Усмон Дембеле қаблан ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ"-и соли 2025-ро ба даст оварда буд. Мавсими гузашта Дембеле ғолиби лигаи Фаронса, Ҷоми Фаронса, Суперҷоми Фаронса ва Лигаи Чемпионҳоро гардида буд. Ӯ инчунин бо дастаи парижӣ ба финали Ҷоми ҷаҳонии клубҳо роҳ ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив