LIVE

Ҷоизаи The Best насиби кӣ мешавад - Месси, Бензема ё Мбаппе?

Лионел Месси ҷоизаи беҳтарин бозигари солро хоҳад гирифт.  Ҳамлагари ПСЖ ва Аргентина аниқ аст, ки соҳиби ҷоиза мешавад.

Исми беҳтарин футболбози соли гузашта рӯзи 27 феврал дар як маросим дар Париж эълон мешавад. Килиан Мбаппе («ПСЖ», Фаронса) ва Карим Бензема («Реал», Фаронса) низ довталаб маҳсуб мешаванд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки ФИФА аз ҳамаи довталабони The Best хостааст, ки ба маросим ҳозир шаванд. 

Ҷоизаи беҳтарин бозигари сол дар соли 2021-ро Роберт Левандовски ба даст оварда, аз Месси ва Муҳаммад Салоҳ пеш гузашта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив