Шаби 22-юми сентябри соли 2025 дар шаҳри Парижи Фаронса, дар театри Шатле маросими супоридани ҷоизаи маҷаллаи France Football ба беҳтарин футболбози ҷаҳон – “Тӯби тиллоӣ” бар асоси натиҷаҳои мавсими 2024/2025 баргузор гардид.
Ин ҷоизаи нашрияи фаронсавӣ бонуфузтарин дар ҷаҳони футбол шуморида мешавад. Бори аввал маросими супоридани он соли 1956 доир шуда буд. Барои муайян кардани беҳтарин бозигари ҷаҳон капитанҳо ва мураббиёни дастаҳои миллӣ, инчунин рӯзноманигорони варзишӣ овоз медиҳанд. Айни ҳол «Тӯби тиллоӣ» дар чандин номинатсия тақдим мегардад.
Ҷоизаҳо мувофиқи натиҷаҳои мавсим аз 1 августи 2024 то 31 июли 2025 супорида шуданд.
Соҳиби “Тӯби тиллоӣ-2025” Усмон Дембеле гардид. Ҷоизаро ба ӯ Роналдинйо тақдим кард. Дембеле 53 бозӣ дар ҳайати “ПСЖ” анҷом дода, бо даста Лигаи чемпионҳоро ба даст овард. Ӯ 35 гол зад ва 14 паси головар анҷом дод. Дар суханронии худ пас аз супоридани ҷоиза Усмон хеле эҳсосотӣ баромад карда, ба ҳамдастаҳо, тими миллӣ, мураббиён, клубҳои пешина ва оилааш изҳори сипос намуд.
Қаҳрамони ҷаҳонии-2023 Айтана Бонмати аз “Барселона” бори сеюм пайиҳам соҳиби “Тӯби тиллоӣ” ҳамчун беҳтарин футболбозбону эътироф гардид.
“Ҷоизаи Копа” ҳамчун беҳтарин бозигари то 21-сола бори дуюм пайиҳам насиби Ламин Ямал аз “Барселона” шуд, ки дар раъйдиҳӣ барои ҷоизаи асосӣ ҷойи дуюмро гирифт. Бозингари дастаи занонаи “Барселона” Вики Лопес низ соҳиби “Ҷоизаи Копа” гардид.
Соҳибони “Ҷоизаи Яшин” собиқ дарвозабони “ПСЖ” ва ҳозираи “Манчестер Сити” Ҷанлуиҷи Доннарумма ва дарвозабони дастаи занонаи “Челси” Ҳанна Ҳэмптон шуданд.
Беҳтарин дастаи мардона “ПСЖ”-и Фаронса ва занона “Арсенал”-и Англия эълон гардиданд.
Сармураббии “ПСЖ” Луис Энрике соҳиби “Ҷоизаи Йохан Кройф” ҳамчун беҳтарин мураббии мардона гардид. Сармураббии тими миллии занона Англия Сарина Вигман, ки қаҳрамони Аврупо шуд, низ “Ҷоизаи Йохан Кройф”-ро гирифт.
Соҳибони “Ҷоизаи Герд Мюллер” ҳамчун беҳтарин ҳамлагарон Виктор Дёкереш, ки дар “Спортинг” бозӣ мекард, ва футболбозбонуи “Барселона" ва тими миллии Лаҳистон Эва Пайор шуданд.
Фонди “Ксана Фаундейшн”, ки ба кӯдакони гирифтори бемориҳои саратонӣ кӯмак мерасонад, барои фаъолияти берун аз майдон бо “Ҷоизаи Сократес” сарфароз гардид. Ин фонд ба номи духтари Луис Энрике – Ксана, ки аз бемории саратон фавтида буд, таъсис ёфтааст. Хонаводаи Энрике дар фаъолияти он фаъолона иштирок мекунад.
Ҳама ғолибон аз рӯи фарзияи France Football дар мавсими 2024/25
“Тӯби тиллоӣ” (мардон): Усмон Дембеле (“ПСЖ”, Фаронса)
“Тӯби тиллоӣ” (занон): Айтана Бонмати (“Барселона”, Испания)
“Ҷоизаи Копа” (беҳтарин бозигари то 21-сола): Ламин Ямал (“Барселона”, Испания)
“Ҷоизаи Копа” (занон): Вики Лопес (“Барселона”, Испания)
“Ҷоизаи Яшин” (беҳтарин дарвозабон): Ҷанлуиҷи Доннарумма (“ПСЖ”/”Манчестер Сити”, Италия)
“Ҷоизаи Яшин” (занон): Ҳанна Ҳэмптон (“Челси”, Англия)
“Ҷоизаи Герд Мюллер” (беҳтарин ҳамлагар): Виктор Дёкереш (“Спортинг”/”Арсенал”, Шветсия)
“Ҷоизаи Герд Мюллер” (занон): Эва Пайор (“Барселона”, Лаҳистон)
“Ҷоизаи Сократес”: Фонди “Ксана Фаундейшн”
Беҳтарин дастаи мардона: “ПСЖ”
Беҳтарин дастаи занона: “Арсенал”
Мураббии соли футболи мардона: Луис Энрике (“ПСЖ”)
Мураббии соли футболи занона: Сарина Вигман (тими миллии Англия)
