Ҳамлагари дастаи “ПСЖ” Усмон Дембеле соҳиби “Тӯби тиллоӣ”-и соли 2025 гардид. Дар мавсими гузашта, ӯ дар ҳайати “Пари Сен-Жермен” қаҳрамони Фаронса шуд, Ҷом ва Суперҷоми кишварро ба даст овард, инчунин ҷоизаи Лигаи чемпионҳоро соҳиб гашт. Илова бар ин, футболбоз бо ҳайати парижиҳо то финали Ҷоми ҷаҳонии клубҳо роҳ ёфт.
Усмон дар мавсими гузашта, дар 49 бозӣ ба задани 33 гол ва 15 паси головар ноил шуда буд. Дар мубориза барои ба даст овардани “Тӯби тиллоӣ” Усмон аз Ламин Ямал пеш гузашт. Барои Усмон ин аввалин ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” дар корномаи футболбозӣ мебошад.
Дар мавсими гузашта, ин ҷоиза ба нимҳимоятгари “Манчестер Сити” Родри тақдим шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси 8 маротиба барандаи “Тӯби тиллоӣ” шудааст ва ин натиҷаи рекордӣ маҳсуб мешавад. Дар зинаи дуюми ин раддабандӣ ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду бо панҷ “Тӯби тиллоӣ” қарор дорад.
