LIVE

Ду голи Хойлунд ба “Наполи” зидди “Ювентус” пирӯзӣ овард

Бозии даври 14-уми Серияи А-и Италия байни дастаҳои “Наполи” ва “Ювентус”  дар варзишгоҳи Диего Армандо Марадонаи шаҳри Неапол бо ҳисоби 2-1 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт.
Италия - Серияи А. Даври 14-ум
8 декабри соли 2025, душанбе. 00:45 ДШБ
“Наполи” (Неапол) 2:1 “Ювентус” (Турин)
1:0 Хойлунд – 7' 1:1 Йилдиз – 59' 2:1 Хойлунд – 78'
Расмус Хойлунд дар дақиқаи ҳафтум ҳисобро кушод ва мизбононро ба пеш баровард. Кенан Йилдиз дар дақиқаи 59-ум голи ҷавобӣ зад, вале голи дуюми Хойлунд дар дақиқаи 78-ум пирӯзии мизбононро дар ин рақобат таъмин намуд.
Дастаи Антонио Конте 31 имтиёз дорад ва дар ҷадвали Серияи А дар ҷои аввал қарор дорад. "Бянконерҳо" бо 23 имтиёз  дар зинаи ҳафтум мебошанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив