LIVE

Аарон Рэмзи шартномаи корияшро бо “Пумас” қатъ кардааст

Футболбози 34-солаи уэлсии бошгоҳи мексикоии “Пумас” Аарон Рэмси, пас аз як қатор ҷароҳатҳо ва мушкилоти шахсии берун аз майдон дастаашро тарк кардааст, хабар медиҳад The Sun.
Бозигар, сарфи назар аз он ки шартномааш то соли 2026 мӯҳлат дорад, танҳо се моҳ дар бошгоҳ буд. Шартнома пас аз он ки бозигари дастаи мунтахаби Уэлс  аввали моҳи октябр ҷароҳати дигари мушакҳо гирифт, қатъ карда шуд.
Мушкилоти саломатӣ Рэмсиро солҳои зиёд азият медоданд ва мавсими гузашта ҳам боиси қатъ шудани ҳамкориҳояш бо “Кардифф” шуда буданд. Футболбоз инчунин пас аз ба атври ногаҳонӣ нопадид шудани саги дӯстдоштааш  аввали моҳи октябр давраи душворро аз сар гузаронд. Рэмси аз мардум барои ёфтани саги вафодор кӯмак пурсид ва барояшон мукофот ҳам пешниҳод карда буд.
Нафари як замон қаҳрамон дар  “Арсенал дар Мексика танҳо шаш бозӣ анҷом дода, ба задани як гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив