Бошгоҳи футболи мексикоии «Пумас» нисбати собиқ бозигари бразилии хеш Дани Алвес бо шикоят ба додгоҳи арбитражӣ муроҷиат кардааст, дар ин хусус Sport.es маълумот медиҳад.
“Пумас” иддао дорад, ки Алвес дар маҳбас ба обрӯи клуб зарар расонидааст. Ҳоло дифоъгари бразилӣ мунтазири ҳукми додгоҳ аст, ва ин ҳам дар ҳолест, ки ки шиносномааш мусодира шудааст. Баррасии парванда рӯзи 25-уми март дар назар аст.
“Пумас” шартномаи Алвесро вақте қатъ кард, ки нафари 41-сола аз Жуазейро моҳи январи соли 2023 бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси зан дар клуби шабонаи шаҳри “Барселона” боздошт шуд. Маҳз дар доираи ин ҷиноят ӯ ба чаҳоруним соли зиндон маҳкум шуда буд.
