LIVE

Собиқ бозигари «Барселона» Дани Алвес ҳукми 4,5 солаи зиндон гирифт

Дифоъгари собиқи «Барселона» Дани Алвесро ба мӯҳлати   4,5 сол вобаста ба парвандаи таҷовуз ба номус аз ҳаққи озодӣ маҳрум карданд.
Қобили қайд аст, ки чанде пеш мақомоти прокуратура барои футболбози бразилӣ ҳукми нӯҳсолаи зиндон талаб карда буд.
Аз 5-ум то 7-уми феврал дар кишвари Испания баррасии парвандаи пурсарусадои собиқ бозигари тимҳои   «Барселона», «ПСЖ», «Ювентус» ва мунтахаби Бразилия Дани Алвес вобаста ба айбномаи таҷовуз ба номус оғоз гардида буд. Ба қавли прокуратураи испанӣ охири соли 2022  футболбози бразилӣ нисбати як бонуи 23-сола дар яке аз марказҳои дилхӯшии Барселона таҷовуз ба номус кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив