Бошгоҳи футболи “Сантос” дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Твиттер) оиди тамдидкунии шартнома бо ҳамлагари 33-сола Неймар то охири соли 2025 эълон кард.
"Ҷое, ки ҳама оғоз гардид. Дар онҷо ҳеҷ гоҳ тамом намешавад!" — навишта шудааст дар изҳороти бошгоҳи бразилӣ.
Неймар дастпарвари «Сантос» буда, аввалин шартномаи касбии худро бо бошгоҳи кишвари Бразилия соли 2008 имзо кард. Соли 2013 ҳамлагар ба бошгоҳи “Барселона” гузариш анҷом дода буд. Неймар моҳи январи соли 2025 ҳамчун агенти озод ба “Сантос” баргашт. Дар маҷмӯъ ӯ дар тамоми мусобиқаҳо дар ҳайати дастаи «Сантос» 237 бозӣ гузаронида, 139 гол ва 69 ассист дар номаш дорад.
