LIVE

"Фенербахче" ҳамкориҳоро бо Моуринйо давом доданист

«Фенербахче» мехоҳад шартномаи меҳнатиро бо сармураббии даста Жозе Моуринйо тамдид кунад. Дар ин бора рӯзноманигор Ягиз Сабунҷуоғлу дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар додааст.
Мутахассис аз тобистони соли гузашта бо ин даста кор мекунад. Дар ҷамъбасти мавсими 2024/2025 «Фенербахче» бо касби 84 имтиёз дар ҷадвали Суперлигаи Туркия ҷои дуюмро ишғол кард ва «Галатасарой» бо 95 имтиёз қаҳрамон шуд. Дар Ҷоми кишвар даста ба 1/4 финал баромада, дар Лигаи Аврупо  дар марҳилаи 1/8 финалӣ шикаст хӯрд.
Дар тӯли фаъолияти худ Жозе Моуринйо дар дастаҳои «Порту», «Челси», «Интер», «Реал Мадрид», «Манчестер Юнайтед» ва «Рома» кор кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив