LIVE

Кристиан Киву – сармураббии нави «Интер»

Муттахассиси руминӣ Кристиан Киву сармураббии нави тими “Интер”-и Италия таъин шуд. Оиди имзошавии шартнома бо собиқ дифоъгар то соли 2027 дар сомонаи расмии шаҳри Милан расман эълон гардидааст.
Кристиан Киву аз соли 2007 то соли 2014 дар ҳайати "Интер" бозӣ карда, сипас корномаи варзишияшро ба поён расонид. Мутахассиси 44-сола фаъолияти мураббигии худро дар дастаҳои ҷавонони абардастаи миланӣ оғоз карда, аз моҳи феврал то июни соли 2025 сармураббии тими «Парма»-и Италия буд.
Кристиан Киву дар вазифаи сармураббии «Интер» Симоне Индзагиро иваз кард. Мураббии итолиёвӣ, ки ду бор дастаро то финали Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА бурдааст, фаъолияти худро дар чемпионати Арабистони Саудӣ дар сафи «Ал-Ҳилол» идома медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив