Собиқ сармураббии тими итолиёвии “Интер” Симоне Индзаги ба вазифаи сармураббигии “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ таъиншудДар ин бора хадамоти матбуоти дастаи арабӣ маълумот медиҳад. Хабар дода мешавад, ки шартнома бо мутахассиси 49-сола то тобистони соли 2027 амал мекунад.
Рӯзи сешанбеи 3-юми июн маълум шуд, ки Индзаги аз вазифаи сармураббии тими “Интер”, ки аз соли 2021 ба ин сӯ ин дастроа сарварӣ мекард, тарк мекунад. Дар ин муддат ӯ қаҳрамони Италия, ду бор барандаи Ҷоми ин кишвар, се маротиба дорандаи Суперҷоми кишвар шуда, ҳамчунин ду мартибаи дигар бо дастааш ба финали Лигаи қаҳрамонҳо роҳ ёфт.
«Ал-Ҳилол» бошад мавсими сипаришудаи Про-Лигаи Арабистони Саудиро бо ишғоли зинаи дуюм ҷамъбаст намуд.