Дафтари матбуоти «Наполи» дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Твиттер) эълон кард, ки сармураббии даста Антонио Конте дар бошгоҳ корашро идома медиҳад.
“Неаполитаниҳо” видеоеро бо лаҳзаҳои кори мутахассиси 55-сола бо даста нашр карданд ва онро бо шарҳи "Боз бо шумо" ҳамроҳӣ карданд.
Қаблан расонаҳо иттилоъ доданд, ки Конте метавонад бо сабаби мушкилоти молӣ ва дигар ихтилофот бо роҳбаронаш дастаи шаҳри Неаполро тарк кунад.
Мутахассиси итолиёвӣ тобистони соли 2024 вазифаи сармураббигии тими "Наполи"-ро ба ӯҳда гирифт. Пас аз ҷамъбасти мавсими гузаштаи Серияи А дастаи Конте пас аз 38 бозӣ 82 имтиёз ба даст оварда, ғолиби мусобиқа гардид. «Интер» бо 81 имтиёз дар ҷои дуюм қарор гирифт.
