Сармураббии бошгоҳи «Наполи» Антонио Конте эҳтимолан дастаи неаполитаниро такр мекунад. Дар ин бора журналист Ҷанлука Ди Марсио хабар медиҳад.
Мутахассис дар охири мавсими ҷорӣ дастаро ба чорумин унвони қаҳрамонӣ дар чемпионати Италия расонида тавонист. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷонибҳо наздиканд, ки дар зудтарин фурсат ҳамкориҳоро қатъ намоянд. Қайд карда мешавад, ки ин на танҳо аз сабаби ҷанбаи молиявии масъала рӯй медиҳад, балки омилҳои дигари муҳим низ мавҷуданд. Дар баробари ин, муносибатҳои байни мураббӣ ва роҳбарият дӯстона боқӣ хоҳанд монд.
Эҳтимолан сармураббии нави даста Массимилиано Аллегри хоҳад буд, ки қаблан бо “Милан” ва “Ювентус” кор кардааст. «Наполи» ният дорад, ки ҳарчи зудтар ин мутахассисро даъват кунад, то дар рақобат миёни ҷониби «россонери» ва «Интер» ғолиб ояд.
