LIVE

Массимилиано Аллегри сармураббии "Ал-Аҳлӣ" мешавад

Мураббии 57-солаи итолиёвӣ Массимилиано Аллегри, ки қаблан бо тими «Ювентус» ва «Милан» кор кардааст, сармураббии бошгоҳи «Ал-Аҳлӣ»-и Арабистони Саудӣ мешавад, хабар медиҳад инсайдер Фабрисио Романо дар шабакаи иҷтимоии X.
Ба иттилои манбаъ, “Ал-Аҳлӣ” ва Аллегри дар бораи созиш ба мувофиқа расидаанд ва ҷузъиёти шартнома дар рӯзҳои наздик мушаххас хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки мутахассиси итолиёвӣ роҳбарии бошгоҳро моҳи июни соли 2025 бар дӯш мегирад ва то он замон роҳбарияти даста нафареро иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ таъин мекунад.
Аллегри дар номи худ 14 ҷоиза дорад - шаш қаҳрамонии чемпионати Италия (панҷто бо "Ювентус" ва якто бо “Милан”), панҷ Ҷоми Италия бо тими Турин ва се Суперҷоми кишвар (ду бо "Ювентус", як Ҷом бо “Милан”). «Ювентус»-ро бошад ин мутахассис ду маротиба ба финали Лигаи Чемпионҳо баровардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив