Антонио Конте довталаби асосӣ барои мақоми сармураббии дастаи “Нюкасл” ба ҳисоб меравад. Мутахассиси итолёвӣ баъд аз рафтан аз “Интер”, бекор аст. Қаблан ӯ дар Англия бо тими “Челси” кор кардааст. Интизор меравад, ки Антонио Конте аз моҳи янавар ё мавсими оянда дастаи “Нюкасл”-ро ба уҳда мегирад.
