Бозии ниҳоии Ҷоми Португалия, ки дар он дастаҳои «Бенфика» ва «Спортинг» вохӯрданд, дар варзишгоҳи "Эстадио Насионал" (Португалия) доир шуда, бо пирӯзии «Спортинг» бо ҳисоби 3:1 дар фурсатҳои илоавгӣ поён ёфт.
Ҷоми Португалия. Финал
25 майи соли 2025, якшанбе. 21:15 МСК
“Бенфика” (Лиссабон) 1: 3 (вақти иловагӣ) “Спортинг” (Лиссабон)
1:0 Кокчу – 47' 1:1 Дёкереш – 90+11' 1:2 Хардер – 99' 1:3 Тринкау – 120+1'
Голи аввалини ин дидор дар дақиқаи 47-ум аз ҷониби нимҳимоятгари туркии «Бенфика» Оркун Кокчу гол зада шуд. Муаллифи ирсоли голӣ бошад ҳамватанаш Карим Актуркоғлу гардид. Сипас дар дақиқаи 90+11 ҳамлагари шведии «Спортинг» Виктор Дёкереш ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 99-ум нимҳимоятгар Конрад Хардер «Спортинг»-ро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 120-ум ахиран Франсишку Тринкау голи сеюми тимашро вориди дарвозаи «уқобҳо» намуд.
Бояд гуфт, ки «Спортинг»-и Лиссабон барои бори 18-ум барандаи Ҷоми Португалия гардид.