LIVE

Фергюсони дастонро ба гуноҳи бузург айбдор кардаанд.

Агенти футболӣ Ҷузеппе Паляра изҳор намуд,ки дар таслимшавии ихтиёрии мураббии дастони “Манчестер Юнайтед” дар бозии Лигаи Қаҳрамонҳо шахсан ширкат варзидааст-хабар медиҳад Mirror.
 Паляра дар қатори ҳамкораш Дакс Прайс ва собиқ ёвари сармураббии “Барнсли” Томми Райт аз нафарони ҷалбшуда дар ин навъи фасод номбар шуда, ҳамчунин дар додани пора ва гирифтани он иштирок намудааст.
 Дар рафти мурофиаи судӣ дар мавриди суҳбатҳои пинҳонии Ҷузеппе  бо рузноманигор   сухан  рафтааст,ки  дар рафти чунин суҳбат Ҷузеппе гуфтааст, ки Фергюсон бо агентҳои футболӣ кор кардааст,то ки аз трансферҳо маблағҳои пулӣ ба даст орад. Ҳамчунин тибқи суханони додситон-Брайан О’Нилл Паляра дар хусуси ташкилкунии бозии шартномавӣ миёни “Ювентус” ва “Манчестер Юнайтед” дар Лигаи Қаҳрамонҳо ҳам гуфтааст. Маҳз барои ин ҳамин кораш Паляра Фергюсонро бо соати тиллоии “Ролекс”-и арзишаш 30 ҳазор фунт стерлинг мукофотонидааст. Илова бар ин тибқи суханони агенти номбурда ӯ чандинбораҳо ба Фергюсон маблағҳои пулӣ ба сифати ришва пардохтааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив