LIVE

Юрген Клопп баҳри сармураббигии “Рома” розӣ шуд – La Stampa

Собиқ сармураббии "Ливерпул" Юрген Клопп қарор кардааст, ки сармураббии "Рома" мешавад, дар ин бора La Stampa маълумот медиҳад. Ба иттилои манбаъ мутахассис рӯзи 18-уми май пешниҳоди «Рома»-ро қабул кардааст.
«Рома» як давр пеш аз анҷоми мавсим таҳти раҳбарии Клаудио Ранйери дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Италия дар ҷои шашум қарор дорад. Баъди анҷоми мавсим Ранйери вазифаи сармураббии бошгоҳи итолиёвиро тарк мекунад.
Охирин клуби Клопп ба ҳайси мураббӣ «Ливерпул» буд, ки аз соли 2015 то соли 2024 онро роҳбарӣ мекард. Аз 1-уми январи соли 2025 мутахассис ба иҷрои вазифаҳои роҳбари глобалии Red Bull шурӯъ кард.
Ёдовар мешавем, ки Юрген Клопп бо “Ливерпул” ғолиби Премер-лигаи Англия ва Лигаи Чемпионҳои УЕФА гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив