«Реал Мадрид» нисбати сармураббии собиқи «Ливерпул» Юрген Клопп, ки ҳоло роҳбари системаи рушди футболӣ дар ширкати Red Bull аст, таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад.
Бино ба навиштаи Marca, намояндагони “Реал Мадрид” ду маротиба ба Клопп занг заданд то аз нақшаҳои ояндааш огоҳ шаванд. Қайд карда мешавад, ки айни замон мутахассиси олмонӣ нияти баргаштан ба кори мураббигӣ надорад.
Юрген Клопп аз соли 2015 то соли 2024 дар «Ливерпул» кор кардааст. Аз 1 январи соли 2025 ин мутахассис ба иҷрои вазифаҳои роҳбари глобалии Red Bull шурӯъ кард. Ёдовар мешавем, ки Юрген Клопп бо “Ливерпул” ғолиби Премер-лигаи Англия ва Лигаи Чемпионҳо гардид.