Сармураббии собиқи “Ливерпул” Юрген Клопп, ки ҳоло роҳбари глобалии амалиёти футболии ширкати Red Bull аст, ба савол оиди ояндааш посух дод.
"Ман дар Red Bull мураббӣ намешавам." Аммо наметавонам бигӯям, ки дигар ҳеҷ гоҳ дар ҳаёти худ мураббӣ намешавам"- иқтибос овардааст рӯзноманигор Флориан Плеттенберг аз суханони Клопп дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Юрген Клопп аз соли 2015 то 2024 ба ҳайси сармураббии “Ливерпул” кор кардааст. Бо даста аз Англия ӯ ғолиби Лигаи Чемпионҳо, Премер-Лигаи Англия гардида, дигар ҷоизаҳоро ба даст овард. Аз рӯзи 1-уми январ Клопп роҳбари глобалии амалиёти футболии ширкати Red Bull мебошад.