LIVE

Ивазкунандаи Клопп дар “Ливерпул” пайдо шуд

«Ливерпул» пас аз он ки мутахассиси олмонӣ Юрген Клопп эълон кард, ки дар охири мавсим дастаро тарк мекунад, сармураббии нав ҷустуҷӯ мекунад. Дар рӯйхати номзадҳои асосӣ Хаби Алонсо аз "Байер" ва Роберто де Зерби аз "Брайтон" мебошанд.
Ба гуфтаи Todofichajes, сармураббии тими "Жирона" - Мичел ба доираи таваҷҷӯҳи тими Англия ворид шудааст. Зери роҳбарии ӯ «Жирона» дар мавсими ҷорӣ дар Ла Лигаи Испания бомуваффақият баромад карда, барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад.
Ёдовар мешавем, ки Юрген Клопп рӯзи 26-уми январ эълон карда буд, ки дар охири мавсими имсола “Ливерпул” –ро тарк мекунад. Мутахассиси олмонӣ дар изҳороти худ возеҳ гуфтааст, ки дигар нерӯи мураббии дастаро надорад.
Мутахассиси 56-солаи олмонӣ 8-уми октябри соли 2015 сармураббии дастаи «Ливерпул»-и Англияро ба ӯҳда гирифта буд. Дар ин муддат Юрген Клопп бо “мерсисайдҳо” ҳафт ҷоиза ба даст овард. «Ливерпул» таҳти роҳбарии Клопп унвони қаҳрамониро дар Лигаи Чемпионҳо, Премйер-Лига, Ҷоми Лига, Ҷоми Англия, Суперҷоми УЕФА ва Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо ба даст овард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив