Сармураббии феълии бошгоҳи испании "Атлетико Мадрид" Диего Симеоне метавонад вазифаашро такр намояд.
Ба гуфтаи “Релево” роҳбарияти “ҳиндувониҳо” мутахассиси олмонӣ Юрген Клоппро, ки айни ҳол бидуни ҷои кор аст, ҷойгузини мураббии аргентинӣ медонад.
Ёдовар мешавем, ки охирин ҷои кори Юрген Клопп “Ливерпул”буд. Қаблан мутахассиси олмонӣ дар дастаҳои «Боруссия Дортмунд» ва «Майнс» кор мекард.
Клопп аз соли 2015 то 2024 сармураббии “Ливерпул” буд. Бо дастаи Англия ӯ ҷоизаи қаҳрамонии Лигаи Чемпионҳо, ва Премйер-Лигаи Англияро ба даст овард. Аз санаи 1-уми январи соли навин Клопп роҳбари глобалии амалиёти футболии ширкати Red Bull мешавад.