LIVE

"Фиорентина" сеюмин бор паиҳам ба финали ЛК баромада натавонист

«Бетис»-и испанӣ дар бозии ҷавобии даври 1/2 финалии Лигаи конференсияҳо бар дастаи «Фиорентина» дар вақти изофӣ натиҷаи мусовӣ (2:2) ба даст овард ва аз рӯи пирӯзӣ дар бозии аввал (натиҷаи умумии 4:3) ба финали мусобиқа роҳ ёфт. Бозӣ рӯзи 8-уми май дар варзишгоҳи Артемио Франки дар Флоренсия (Италия) баргузор шуда, бо пирӯзии "бунафшарангҳо" дар вақти асосӣ бо ҳисоби 2:1 ва дар дақиқаҳои иловагӣ бо натиҷаи 2:2 анҷом ёфт.
Лигаи конференсияҳо. 1/2 финал. Бозии 2-юм
09 майи соли 2025, ҷумъа. 00:00 ДШБ
“Фиорентина” (Флоренсия, Италия) 2 : 2 (вақти иловагӣ)  “Бетис” (Севиля, Испания)
0:1 Энтони – 30'     1:1 Госенс – 34’     2:1 Госенс – 42’     2:2 Абде – 97'
Бозии ниҳоии Лигаи Конференсияҳо рӯзи 28-уми май дар Врослави кишвари Лаҳистон баргузор мешавад ва рақиби “Бетис” дар бозии финалӣ дастаи “Челси”-и Лондон мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив