LIVE

"Олимпиакос" - ғолиби Лигаи Конференсияҳо дар мавсими 2023/24

Рӯзи чаҳоршанбеи 29-уми май дар шаҳри Афина финали Лигаи Конференсия баргузор шуд, ки дар он "Олимпиакос" пас аз вақти изофӣ бар Фиорентина бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 0:0 дуранг шуд. Дар қисми дуюми изофӣ, дар дақиқаи 116-ум «Олимпиакос» пирӯзиро ба даст овард. Ҳамлагар Айюб Эл-Кааби ба задани гол даст ёфт. Бо шарофати ин пирӯзӣ ҳамчунин "Олимпиакос" роҳхати иштирок дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупоро ба даст овард.
“Фиорентина” соли дуюм аст, ки дар финали мусобиқа ноком мешавад. Соли гузашта, дастаи итолиёвӣ аз тими “Вест Ҳэм” мағлуб шуда буд.
Ба ҳамин тартиб, «Олимпиакос» аввалин даста дар таърихи Юнон гардид, ки Ҷоми мусобиқаҳои арупоиро ба даст овард.
Қаблан танҳо «Панатинаикос» дар финал бозӣ карда буд, вале дар Ҷоми Аврупо дар соли 1971 аз «Аякс» мағлуб шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив