LIVE

Рекорди нави ҳамлагари "Олимпиакос" Айюб Ал - Кааби дар евроҷомҳо

29-уми май «Олимпиакос»-и Юнон дар финали Лигаи Конференсия бар «Фиорентина»-и Италия дар вақти иловагӣ бо ҳисоби 1:0 дар Афина пирӯз шуд. Голи ягонаро ҳамлагари марокашӣ Айюб Ал - Кааби дар дақиқаи 116-уми бозӣ ба самар расонид.
Ҳамлагари «Олимпиакос» айни замон беҳтарин нишонзани мавсими ҷорӣ дар Аврупо бо 14 гол аст. Ал - Кааби 11-тои онҳоро дар марҳилаи плей-офф ба самар расонид, ки ҳоло натиҷаи беҳтарин маҳсуб мешавад.
Ба шарофати ин пирӯзӣ «Олимпиакос» аввалин клуби Юнон дар таърих гардид, ки Ҷоми мусобиқаҳои аврупоро ба даст овардааст. Ба ҳамин тартиб “Олимпиакос” дар 22 соли охир аввалин дастае гардид, ки дар кишвари худ Ҷоми мусобиқаҳои аврупоиро ба даст овард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив