Сармураббии бошгоҳи лондонии “Арсенал” Микел Артета оиди аксуламали бозигаронаш баъди бохт аз “ПСЖ” дар даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо сухан кард. Дар бозии ҷавобӣ бошгоҳи шаҳри Лондон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. “Арсенал” пас аз натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд.
Лигаи чемпионҳо. 1/2 финал. Бозии 2-юм
Панҷшанбе, 8 майи соли 2025. 00:00 ДШБ
“ПСЖ” (Париж, Фаронса) 2:1 “Арсенал” (Лондон, Англия)
1:0 Руис – 27' 2:0 Ҳакимӣ – 72' 2:1 Сака – 76'
"Ман ноумедии бозингарони худро дидам, онҳо дар утоқи либоспӯшӣ ашк мерехтанд. Оё фикр мекунам, ки беҳтарин даста мағлуб шуд? Бале, ман ҳамин тавр фикр мекунам. Инро ҳатто рақибони мо ҳам худашон мегӯянд - ситоди мураббиёни “ПСЖ” чанде пеш дар ин бора ба ман шахсан гуфтанд", - иқтибос меорад RMC Sport аз суханони Артета.
“ПСЖ” дар финали Лигаи Чемпионҳо бо «Интер Милан» рақобат мекунад. Ин бозӣ рӯзи 31-уми май дар шаҳри Мюнхен (Олмон) баргузор мешавад.