Директори варзишии бошгоҳи фаронсавии “ПСЖ” Луиш Кампуш метавонад ба сафи «Манчестер Юнайтед» гузариш анҷом диҳад, дар ин бора журналист Саша Таволйери иттилоъ медиҳад.
Музокироти корӣ байни муттахассиси португалӣ ва бошгоҳи англисӣ фаъолона пеш меравад.
Қаблан маълумоте мавҷуд буд, ки Кампуш то ҳол бо “ПСЖ” оиди тамдиди шартномааш музокира мекунад, аммо ҳар қадаре ки вақт бигзарад, ҳамон қадар эҳтимоли тамдид шудани созишнома камтар мешавад, хабар медиҳад манбаъ.
Луиш Кампуш аз 1 июли соли 2022 дар дастаи шаҳри Париж кор мекунад.
Ёдовар мешавем, ки “ПСЖ” аллакай дар мавсими ҷории Лига 1-ум унвони қаҳрамониро барояш таъмин карда буд ва рақобат дар Лигаи Чемпионҳоро низ идома медиҳад. «МЮ» дар навбати худ дар зинаи 15-уми ҷадвали Премер Лигаи Англия қарор дошта, баҳри унвони қаҳрамонӣ дар Лигаи Аврупо мубориза мебарад.