LIVE

Собиқ бозигари «МЮ» Луиш Нани «Адана Демирспор»-ро тарк мекунад

Бозигари 37-солаи бошгоҳи туркии «Адана Демирспор» Луиш Нани дастаашро бо анҷоми мавсим тарк мекунад.
«Луиш Нани дастаро бо розигии тарафайн тарк менамояд. Раҳмат барои оне, ки ин қадар фурсатҳоро барои бошгоҳ эҳдо кардаед. Дар маснади варзишии Шумо бароятон барор мехоҳем», — иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии бошгоҳи туркӣ дар шабакаи иҷтимоии X (пештар Twitter).
Нани дар сафи «Манчестер Юнайтед» аз соли 2007 то 2014 баромад карда, дар ин фурсатҳо бозигари португалӣ  230 бозӣ гузаронид, 41 гол зад ва 71 партофти голӣ ирсоли ҳамдастагон намуд.
Футболбози португалӣ мавсими-2023/2024-ро дар сафи  «Адана Демирспор» гузаронида, дар масири 34 бозӣ бо чор голу се бозӣ аз майдон берун шудааст. Арзиши тахминии бозигар бино ба фарзияи сомонаи Transfermarkt  275 ҳазор евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив