Нимҳимоягари марокашии «Фиорентина» Софян Амрабат, ки тариқи иҷора дар сафи «Манчестер Юнайтед» бозӣ мекунад, бо анҷоми мавсими ҷорӣ бошгоҳи англисиро тарк мекунад. Дар ин бора La Gazzetta dello Sport иттилоъ медиҳад.
Бино ба маълумоти La Gazzetta dello Sport манкунианиҳо нияти харидории бозигарро надоранд. Худи Амрабат пазмони бозгашт ба Италия мебошад.
Ёдрас мекунем, ки бозигари 27-сола дар ҳайати «девони сурх» тариҷи иҷораи яксола бозӣ мекунад. Манкунианиҳо дорои имконияти харидории нимҳимоягар бар ивази 20+5 млн евро мебошанд.
Мавсими ҷорӣ Амрабат дар сафи «Манчестер Юнайтед» 22 бозӣ дар ҳамаи мусобиқа гузаронида, ягон амали натиҷабахш дар омор надорад. Шартномаи бозигар бо «Фиорентина» то охири моҳи июни соли 2025 мӯҳлат дорад. Арзиши тахминии футболбоз аз рӯи фарзияи сомонаи Transfermarkt 22 млн евро мебошад.