Роҳбари ҷаҳонии амалиёти футболи ширкати Red Bull Юрген Клопп сармураббии “Комо” Сеск Фабрегасро ба кор даъват кард.
Тавре ки рӯзноманигор Фабрисио Романо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, Клопп мехоҳад, ки Сеск Фабрегас дар дастаи “РБ Лейпсиг” вазифаи сармураббигиро ба гардан гирад. Бошгоҳ бар ивази Марко Розе, ки дар охири моҳи март аз кор ронда шуд, ҷойгузини доимӣ меҷӯяд. Фабрегас таваҷҷуҳи роҳбарияти “РБ Лейпсиг”-ро ба шарофати фалсафаи ҳуҷумкорона ва натиҷаҳое, ки дар “Комо” ба даст овард, ҷалб кард.
Испониёии 37-сола фаъолияти мураббии худро аз соли 2023 оғоз кардааст. Мутахассис дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи “Комо”-ро сарварӣ мекард. Сеск баъдтар иҷрокунандаи вазифаи ёвари сармураббӣ ва сармураббӣ буд. Соли 2024 Фабрегас расман вазифаи сармураббии бошгоҳи итолиёвиро ба ӯҳда гирифт.
Дастаи Сеск Фабрегас аз 35 бозӣ 45 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи 10-уми чемпионати Италия қарор дорад. “Комо” дар бозии навбатии Серияи А-и Италия дар майдони худ бо «Парма» бозӣ мекунад.