Раҳбарияти «Манчестер Сити» ба далели натиҷаҳои ғайриқаноатбахш вариантҳои ҷудошавӣ бо сармураббии испанӣ Хосеп Гвардиола омода мекунад.
Раҳбарони “шаҳриён” аллакай ба ҷустуҷӯи сармураббии нав шурӯъ кардаанд. Тибқи иттилои E-noticies роҳбарияти бошгоҳи инглисӣ ба номзадии собиқ футболбози афсонавии «Барселона» ва тими миллии Испания Сеск Фабрегас тасмим гирифтааст. Ҳоло Фабрегас сарварии “Комо”-и итолиёвиро бар ӯҳда дорад ва дар тобистон ба гуфтаи манбаъ “Манчестер Сити” тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод, то мураббии испаниро ба сафи хеш ҷалб кунад.
Ёдовар мешавем, ки бошгоҳи инглисӣ феълан дар ҷадвали Премер-лигаи Англия дар ҷои панҷум аст.