LIVE

Неймар маротибаи навбатӣ ҷароҳат бардошт

Ҳамлагари бразилиягии «Сантос» Неймар ҳангоми бозӣ бо «Атлетико Минейро», ки дар даври 4-уми чемпионати Бразилия (2:0) баргузор шуд, бар асари ҷароҳат майдонро тарк кард. Дар ин бора ESPN хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин бозигари бразилӣ вобаста ба мушкилиҳои ҷароҳати рони чапаш, ки аз моҳи март ба ин сӯ ӯро ташвиш медод, дубора мубталои ҷароҳат гардид. Маҳз ба далели ин захм бозигар дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон зидди “Колумбия” ва “Аргентина” дар ҳайати тими миллии Бразилия набуд.
Қайд карда мешавад, ки футболбоз натавонист худаш майдонро тарк кунад. Дар наворҳо аз пахши мустақим дида мешавад, ки Неймар ашкро пок мекунад.
Ёдовар мешавем, ки "Сантос" дар чаҳор бозӣ пирӯзии аввалин ба даст овард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив