Бошгоҳи испании «Севиля» эълон кард, ки мутахассиси испанӣ Хоакин Капаррос сармураббии даста таъин шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии бошгоҳ менависад.
Тибқи иттилои расмӣ бошгоҳ ба мувофиқа расидааст, ки муттахассиси 69-солаи испанӣ баъди анҷоми мавсими имсола сармураббӣ мешавад. Дар бораи шартҳои молиявии созишнома маълумоте нест.
Ин чаҳорумин давраи сармураббии Капаррос баъди кор бо ин тим пас аз солҳои 2000-05 буда, инчунин ӯ мавсими солҳои 2017-18 роҳбарии ин дастаро бар дӯш гирифтаст ва 11 бозӣ дар охири мавсими 2018-19 ба ҳайси мураббӣ гузаронидааст.
"Севиля" айни замон пас аз 31 бозӣ бо 36 имтиёз дар зинаи 13-уми ҷадвали Ла Лигаи Испания қарор дорад.
Бозии навбатии «Севиля» дар даври 32-юми Ла Лига бо «Алавес» хоҳад буд. Ин бозӣ рӯзи якшанбе, 20 апрел дар назар аст.
Дирӯз, 13-уми апрел бошгоҳи “Севиля” эълон кард, ки Гарсиа Пимиента аз вазифаи сармураббигии дастаи андалусӣ барканор шудааст.