Ҳамлавари тими саудии "Ал-Наср" Криштиану Роналду эҳтимолан ба дастаи "Реал" бармегардад, дар ин бора Sky Sports хабар медиҳад.
Тавре қаблан хабар дода шуда буд, португалии 40-сола дар бораи тамдид накардани шартномааш бо «Ал Наср», ки дар охири мавсими имсола ба охир мерасад, фикр мекунад. Роналду мехоҳад дар Ҷоми нави ҷаҳонии клубҳои соли 2025 ширкат кунад, ки тими саудӣ ба он роҳхат гирифта натавонист.
ФИФА аз 1 то 10 июн дар ҷараёни Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо равзанаҳои махсуси интиқолиро боз мекунад ва Роналду имкон дорад бо даста барои як мусобиқа шартнома бандад. Авваллан гуфта мешуд, ки нисбати ин ҳамлавар дастаҳои "Интер Майами" ва "Ал-Ҳилол" тавваҷҷӯҳ кардаанд.
Роналду дар мавсими ҷорӣ 40 бозӣ гузаронида, 34 гол ва 5 ирсоли голӣ дар номаш дорад.