LIVE

"Манчестер Юнайтед" ва "Манчестер Сити" ба қаллобӣ айбдор мешаванд

Бошгоҳҳои футболи Англия «Манчестер Юнайтед» ва «Манчестер Сити» ба қаллобии вобаста ба расонидани маълумоти бардурӯғ оиди синну соли баъзе аз  бозигарони хориҷии академия гумонбар мешаванд. Дар ин бора The Telegraph хабар медиҳад.
Тибқи иттилои расонаҳо ҳадди ақал нисбати синну соли се бозигар шубҳа пайдо шудааст. Аз ҷумла дар сафи “Манчестер Юнайтед” бародарон Бассиро Нкото ва Дука Нкото ном гирифтаанд, ки соли 2022 ба тими зери 14-сола ҳамроҳ шуда буданд.
«Манчестер Юнайтед» айни ҳол дар зинаи 13-уми ҷадвали Премер-лигаи Англия қарор дошта, шогирдони Рубен Аморим аз 29 бозӣ 37 хол ба даст оварданд. «Манчестер Сити» пас аз ҳамин қадар бозиҳо бо 48 имтиёз дар ҷои панҷум аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив