LIVE

“Байер” оиди ҷароҳати яке бозигарони асосияш эълон кард

"Байер" дар шабакаҳои иҷтимоии худ оиди осеби ҳимоятгараш Марио Эрмосо, ки пас аз бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бо "Бавария" (0:2) то охири мавсим аз сафи берун монда буд, паёме нашр кард.
Лигаи чемпионҳо. 1/8 финал. Бозии 2-юм
12 марти соли 2025, чоршанбе. 01:00 ДШБ
“Байер” (Леверкузен, Олмон) 0:2 “Бавария” (Мюнхен, Олмон)
0:1 Кейн – 52' 0:2 Дэвис – 71'
"Марио Эрмосо пас аз захм дар бозӣ бо "Бавария" бомуваффақият ҷарроҳӣ шуд. Ҳимоятгари мо дар идомаи мавсим ба майдон омада наметавонад ва ҳоло ба табобат дар Веркштатт шурӯъ мекунад, то зудтар барқарор шавад... Мо ба ту бозгашти ҳарчӣ зудтареро таманно дорем, Марио!" — навиштааст хадамоти матбуоти «аспиринҳо» дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Хермосо бозигари “Реал Мадрид” аст, ки дар дастаҳои “Эспанйол” ва “Атлетико Мадрид” бозӣ кардааст. Тобистони гузашта  бозигари испанӣ ба тими “Рома” пайваста буд ва   моҳи январ тариқи иҷораи шашмоҳа ба бошгоҳи Леверкузен рафт ва дар он ҷо ба як бозигари калидии дастаи Хаби Алонсо табдил ёфт. Ҳермосо тавонист дар ҳайати “Байер” ҳафт бозӣ анҷом диҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив