Ҳамлавари бошгоҳи "Реал Мадрид" ва мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе "Лос-Бланкос" талош мекунад, ки аз вохӯрӣ бо собиқ сармураббии дастаи мадридӣ Зинедин Зидан канорагирӣ намояд.
"Вақтҳои охир кӯшиш мекардам, ки бо Зидан бисёр вохӯрӣ надошта бошам, зеро намехоҳам тахминҳоро [дар бораи таъини ӯ ба тими миллӣ] афзоиш диҳам"- овардааст Le Parisien аз суханони Мбаппе.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки сармураббии тими миллии Фаронса Дидйе Дешам мунтахаби кишварро тарк мекунад ва Зидан вориси ӯ мешавад.
Зинедин Зидан танҳо бо “Реал Мадрид” кор карда, аз соли 2016 то 2018 ва аз 2019 то 2021 тими асосии шаҳри Мадридро раҳбарӣ кардааст. Мураббии фаронсавӣ бо “Лос-Бланкос” қаҳрамони дукаратаи Испания, барандаи дукаратаи Суперҷоми Испания ва се бор барандаи Лигаи қаҳрамонҳо шуд.
