LIVE

“ПСЖ” беҳтарин дастаи ҷаҳонро шикаст дод

Дар доираи бозиҳои даври ҳаштякниҳоии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои “Ливерпул” ва “ПСЖ” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Энфилд”-и Ливерпул доир шуда, ба суди дастаи шаҳри Париж анҷом ёфт.
Вохӯрии аввали дастаҳо дар варзишгоҳи “Парк де Пренс”-и шаҳри Париж дар ҳузури 47 511 нафар мухлис баргузор шуда, бо ҳисоби минималии 0 бар 1 ба суди “Ливерпул” анҷом ёфта буд.
Дар идома голи ғалабаоварро барои “Ливерпул” Харви Эллиот ба самар расонид. Дарвин Нунйес паси головарро анҷом дод. Эллиот дар дақиқаи 86-ум ба ҷои Муҳаммад Салоҳ вориди майдон шуд ва дар аввалин расиш ба тӯб гол зад.
Бозии ҷавобии дастаҳо дар “Энфилд” бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди “ПСЖ” анҷом ёфт. Ягона голро дар дақиқаи 12-ум Усмон Дембеле ба самар расонид.
Ғолиб тариқи зарбаҳои 11 метра муайян карда шуд. “ПСЖ” бо ҳисоби 4 бар 1 ғалаба кард. Аз ҳайати “Ливерпул” танҳо Муҳаммад Салоҳ аз пеналтӣ гол зад. Дарвин Нунйев ва Кертис Ҷонс аз пеналтӣ гол зада натавонистанд. Витиня, Гансалу Рамуш, Усмон Дембеле ва Дезире Дуэ голҳои “ПСЖ”-ро аз пеналтӣ ба самар расониданд.
Дастаҳо қаблан соли 2018 вохӯрда, дар марҳилаи гурӯҳӣ бо ҳам ду бозӣ анҷом дода буданд. Дар вохӯрии якум “Ливерпул” бо ҳисоби 3 бар 2 ғалаба кард. Дар бозии дуюм футболбозони дастаи шаҳри Париж бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯзӣ ба даст оварда буданд.
Ёдовар мешавем, ки “ПСЖ” дар даври чаҳорякниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти “Брюгге” ва “Астон Вилла” бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив