LIVE

Роналду голи 925-умро дар корномааш ба самар расонид

Дар доираи бозиҳои даври 22-юми Про-Лигаи Арабистони Саудӣ дастаҳои “Ал-Ваҳда” ва “Ал-Наср” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи шоҳ Абдул Азизи шаҳри Макка доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди “Ал-Наср” анҷом ёфт.

Ҳисобро дар дақиқаи 48-уми бозӣ Криштиану Роналду боз кард. Ин голи 925-уми Криштиану дар корномаи футболбозиаш буд. Ҳоло Роналду бо 17 гол дар мавсими имсолаи Про-Лига беҳтарин нишонзан аст.

Дар идома пас аз зарбаи ҷаримавии Роналду тӯб ба дасти бозигари мизбон расид ва довар пеналтӣ таъйин намуд. Садио Мане дар дақиқаи 90+10-уми бозӣ аз зарбаи пеналтӣ гол зада, нуқтаи ниҳоиро дар вохӯрӣ гузошт.

Дар бозии марказии давр “Ал-Аҳлӣ” бо ҳисоби 4 бар 1 “Ал-Қадисия”-ро мағлуб кард. Бо шарофати бохти “Ал-Қадисия” тими “Ал-Наср” дигарбора ба зинаи сеюми ҷадвали мусобиқа баргашт.

Ҳоло “Ал-Наср” бо 47 имтиёз дар зинаи сеюм, “Ал-Ваҳда” бо 13 имтиёз дар зинаи охир ва “Ал-Иттиҳод” бо 55 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив