16 –уми феврал дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2025” дар шаҳри Минск нахустин бозии худро анҷом дод. Ҳарифи дастаи мо, тими мизбон ва қаҳрамони феълии мусобиқа Беларус буд.
Ҳарифи дастаи мо дар гурӯҳи «А» мунтахаби Беларус буд. Вохӯрӣ бо ғалабаи мизбонони мусобиқа – 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаро Андрей Лутскович ба самар расонид.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта тими мо дар мусобиқаи мазкур аз Белорус бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб шуда буд.
17 –уми феврал тими наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Академияи «Blockchain Sports»-и Бразилия бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ соати 15:20 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Дар бозии охири марҳилаи гурӯҳӣ тими мо бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон рӯзи 19-уми феврал бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи низомномаи мусобиқот дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷои дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8 бозиҳои тасаллобахш баргузор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) имсол дар Ҷоми Осиё, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Рақибони тими мо дар гурӯҳи «D» дастаҳои Эрон, Уммон ва Кореяи Шимолӣ мебошанд.