LIVE

Бардоштҳо аз баромади мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023

Сароғози матраҳ намудани мавзуъи баромади мунтахаби Тоҷикистон баҳри роҳхатгирӣ ба бузургтарин сабқатҳои фароқоравӣ месазад қайд намуд,ки ҳанӯз санаи 21-уми июн ба хотири мустақкам намудани муносибатҳои ҳамкориву иртиботи таҷриба,  роҳандозии барномаҳои ҳамоҳангсози омӯзишӣ барои мураббиён, рушди футболи оммавӣ, ҳамкориҳо дар самти маркетинги футболӣ ва баргузории бозиҳои рафиқона байни ҷонибҳо  Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Қатар   (QFA) қарордоди ҳамкорӣ   ба имзо расониданд,ки албатта баҳри рушди футболи меҳан самаровару  чун ниҳодани қадамҳои устувор дар роҳи рушд аст.   



Лозим ба ёдоварист,ки мунтахаби футболи кишвари арабии Қатар айни ҳол яке аз пурқудраттарин мунтахабҳои футболӣ дар Осиё буда, қатариҳо чун қаҳрамони феълии Осиё оид ба футбол маҳз   соли оянда Ҷоми Ҷаҳонии футболро дар варзишгоҳҳои мӯҳташами бо услубҳои замонавӣ бунёднамуда баргузор мекунанд. 



Вале агар  ба мавзуъи  матраҳшуда бозгашт кунем, пас аз бозии ахири баргузорнамудаи мунтахаби кишвари мо маълум шуд,ки ҳазорон мухлисони футболи тоҷик мунтахаби кишварашро дар радифи 12 дастаи беҳтарини Осиё дида натавонистанд. 




Мунтахаби футболи Тоҷикистон новобаста аз пирӯзии серголи хеш дар бозии ахир бар муқобили мунтахаби Мянмар имкони қарор гирифтан дар радифи беҳтарин дастаҳои ишғоли мавқеи дуюмнамударо аз даст дод, чаро ки дигар дастаҳои пештози Осиё нишондодҳои бартареро ба каф карданду ҳатто пирӯзии Муғулистон бар Қирғизистон ва торумор шудани Мянмар аз ҷониби қирғизҳо бароямон сабабгор нашуд.






Агар дар мавриди принсипҳои интихобшавии дастаҳои осиёӣ ба Ҷоми Ҷаҳонии соли 2022 бодиққат назар кунем,  дар минтақаи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) баргузории бозиҳои интихобӣ ҳанӯз аз санаи 5-уми сентябри соли 2019 оғоз шуда буданд ва бояд,ки дар моҳи июни соли 2020 ба итмом мерасиданд, аммо аз барои пандемияи оламгири Ковид-19 бозиҳо ба таъхир гузошта шуданду то моҳи июни ҳамин сол идома ёфтанд. Маҳз дар ҳамин марҳила панҷ даста  дар ҳашт гурӯҳ бозиҳои дудаврӣ анҷом доданд, ки тибқи натиҷаи он ба якборагӣ моликони роҳхати Ҷоми Осиё-2023 ҳам маълум карда шуд.  Ҳамин тариқ  пас аз анҷом ёфтани кулли бозиҳои интихобӣ санаи 15-уми июн ғолибони гурӯҳҳо ва инҳо ҳам мунтахабҳои Сурия, Австралия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Арабистони Саудӣ, Қатар  ва Ҷопон ва чор дастаи беҳтарини дигар аз мавқеи дуюм ва инҳо ҳам миллипӯшони Ҷумҳурии Халқии Чин, Уммон, Ироқ, Ветнам ва Лубнон мебошанд,ки соҳиби роҳхати мустақим ба Ҷоми Осиё-2023 шуда, ҳамчунин дар даври сеюми марҳилаи интихоби Ҷоми Ҷаҳон-2022 муборизаҳоро байни ҳам идома медиҳанд.




Дастаҳои мунтахаби дигар аз ҷумла дастаи мунтахаби Тоҷикистон   аз ҳаққи мубориза барои роҳхати Ҷоми Ҷаҳон-2022 маҳрум шуданд,вале аз барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023,ки дар кишвари Чин баргузор мегардад, рақобатҳоро идома медиҳанд. Ҳамин тариқ  мунтахаби Тҷикистон дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 аз барои яке аз 11 роҳхати боқимонда мубориза бурда, дар ин қатор бар замми кишвари мо ҳамчунин мунтахабҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Урдун, Баҳрайн, Фаластин, Ҳиндустон, Таиланд, Филиппин,  Туркманистон, Қувайт, Афғонистон, Малайзия, Сингапур, Муғулистон, Гонконг, ҷазираҳои Малдив, Шри-Ланка, Непал, Мянмар, Яман ва Бангладеш низ шомиланд.



Агар баромади дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро  дар алоҳидагӣ қайд кунем, мунтахаби футболи Тоҷикистон  таҳти роҳбарии мутахассиси тоҷиктабори ӯзбекистонӣ Усмон Тошев бозиҳои марҳилаи интихобиро дар гурӯҳи F бо ишғоли мақоми дуюм ва касби 13 хол аз ҳашт бозӣ ҷамъбаст намуд,ки албатта барояш имкон надод то дар миёни  панҷ дастаи беҳтарини ишғоли мақоми дуюмнамуда қарор бигирад.





Миллипӯшони Тоҷикистон ҳанӯз дар бозии нахусти хеш дар моҳи сентябри соли 2019 қирғизҳо  ва муғулҳоро бо натиҷаи як бар сифр мағлуб намуда, то баргузор нашудани бозии "самурайҳо" ва мағлубияти сифр бар се аз ин тим ҳатто як замон садринишини ҷадвали гурӯҳи F ҳам буданд. Аммо кулли умедҳо барои намоиши нишондоди беҳтарин ва бароҳат ҷой гирифтан дар гурӯҳро шикасти ғайриинтизор аз мунтахаби Мянмар санаи 14-уми октябри соли 2019  дар варзишгоҳи Мандалар Тири бар ҳаво бурд, замоне,ки чор гол аз соҳибони майдон хӯрдему се холи арзишмандро тақдими дастаи ба назари мо заиф намудем.




“Омилҳои аслии бохти мунтахаби кишвар аз Мянмар дар бозии нахуст ба назари ман нописандии ҳариф ва  эътимоди зиёд нисбати ба нерӯи худӣ буд. Ҳамчунин дар ин баробар иқлими худи кишвари Мнямар инҷо сабабгори аслӣ шуд,ки ҳатто  мунтахаби Ҷопон бинобар ҳамин сабаб бо мушкилӣ ду бар сифр ин тимро мағлуб намуд. Илова бар ин омода набудани баъзе аз бозингарон аз ҷумла Фарҳод Восиев ба ин бозӣ новобаста ба  гол ва ва партофти головараш дар ин рақобатро метавон аз омилҳои дигарии мушкилоти тими мо вақти бозии нахуст бо мунтахаби Мянмар донист”-изҳор намуд шореҳи ТВ "Варзиш" Бобо Холмуродзода.

Пасон дастпарварони Усмон Тошев тақсими холии ҳангоми мусовӣ бо қирғизҳо дар Бишкек намуда, боз вазъи ишғолнамударо дар гурӯҳ аз лиҳози намоиши нишондоди беҳтарин табоҳтар намуданд. Бозии дуюми баргузоргардидаро бошад мунтахаби Тоҷикистон бар муқобили ҷопониҳои тануманд ва садринишини гурӯҳ як бар чор бохт, бар замми оне,ки зарбаи ҷолиби Эҳсони Панҷшанбе як замон ҳисоби бозиро ҳам мусовӣ намуд. Дар ду бозии баргузорнамудаи дигар бошад футболбозони тоҷик пирӯз шуданду нахуст муғулҳоро се бар сифр сар кӯфтанду баъдан бо қасди сахти интиқомситонӣ аз барои бохт дар бозии нахуст мунтахаби Мянмарро бо натиҷаи чор бар сифр рӯҳафтода аз майдон берун намуданд,вале чӣ тавре пасон натиҷаҳои бозиҳои гурӯҳҳои дигар нишон дод, ин пирӯзӣ ҳам моро ба сафи 12 дастаи беҳтарин набурд.




Яке аз  шинохтатарин ва беҳтарин шореҳони футболӣ Бобо Холмуродзода,ки тайи санд соли ахир паҳлӯҳои мухталифи футболи тоҷиқро мавриди таҳлил қарор мегирад, дар ин маврид чунин ибрози назар кард:



“Дар таърихи мунтахаби футболи тоҷик мо аввалин маротиба шонс доштем,ки ба  марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон роҳхат бигирем.  То ин дам ҳеҷ гоҳ тими миллии мо чунин шонсро надошта буд. Агар дар хусуси кори сармураббии аллакай собиқи дастаи мунтахаб ҳарф занем инҷо аз  ду  паҳлӯҳои мусбиву манфӣ метавон ҳарф зад: Паҳлӯи мусбӣ он аст,ки Тошев бештар  ба   бозингарони ҷавон такя намуда,   ҳайатро  куллан таъғир дод ва дар бозии тими миллӣ беҳбудиҳо ҳам ба чашм мерасиданд. Паҳлӯи манфӣ бошад он аст,ки даъват нашудани беҳтарин бозингарони  чемпионати Лигаи Олӣ аз зумраи  беҳтарин ҳимоягар дар соли 2020 Фирдавс Чақалов, яке аз беҳтарин ниммуҳофизагарон Далер Ёдгоров ва сарфи назар шудани кашфиёти соли 2020 Шервонӣ Мабатшоев аз ҷониби Усмон Тошевро метавон аз омилҳои манфии кори ин мутахассис донист”.




Сармураббии мунтахаби кишвар Усмон Тошев бошад пас аз анҷоми бозиҳои интихобӣ расман вазифаи сармураббигии тими мунтахабро тарк намуда, дар тими футболи “Бухоро” ба кор шуруъ кард. Аслан яке аз сабабҳои натиҷаи паст нишон додани тими мунтахабро дар кори сармураббигӣ медонанд ва аз ҷумла аз муносибати нохуши ин мутахассис бо чанде аз футболбозони таҷрибадор мегӯянд.   Дар мавриди ҷалби сармураббии нав бошад агар ҳарф занем,  Бобо Холмуродзода низ бо суханҳои агенти футболӣ аз Тоҷикистон Кова Тилавпур дар мавриди ҷалби мутаххасиси аврпуоӣ ба тими миллӣ ҳамфикр буда, танҳо бо чунин ранг гирифтани кор ба пешравиҳо умед мебандад:
“Бо рафтани Усмон Тошев ҳеҷ чиз аз даст намеравад ва ҳеҷ бартарӣ нахоҳад шуд, чунки вазъи мунтахаби мо ҳамин гуна талаботро тақозо мекунад. Агар аз як тараф мураббин кишвари аврупоӣ ҷалб шавад, беҳбудиро интизор шудан мумкин аст, вагарна бо чунин шароит ҳамин гуна натиҷа набояд боиси таассуф шавад”.








Хуллоса  пас аз берун мондани мунтахаби Тоҷикистон ва аз даст додани имкони роҳхати мустақим аз барои иштироки нахустин дар Ҷоми Осиё мунтахаби футболи кишвари мо  дар  раддабандии ҷаҳонии ФИФА ҳам   ҷойивазкунии амиқ накарда, айни ҳол дар зинаи 121 ум қарор дорад,ки дар қиёс ба тимҳои дигари ҳамсоякишвар танҳо мунтахабҳои Афғонистон ва Туркманистон аз кишвари мо поёнтар қарор доранд. Мунтахаби Қирғизистон бошад новобаста аз ишғоли мақоми сеюм дар гурӯҳи мо мақомдори зинаи 99-ум буда, Ӯзбекистон бошад дар мақоми 86-ум қарор дорад. Дар умум агар  бигирем  беҳтарин натиҷаи кишвари мо дар раддабандии ФИФА мақоми 114-ум буда, зинаи 137-ум мақоми пасттарин аст. 






Бо умеди комил ба рушди футболи тоҷик метавон гуфт,ки дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 тими мунтхаби футболи меҳан бо ба каф кардани натиҷаҳои хушҳолкунанда ахиран нахустин маротиб дар таърихи мавҷудияти хеш дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Чин вориди майдон мешавад.
Таҳияи Имомбек Шодибекзод

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив