LIVE

Зидан даҳ сол боз бо Азар ифтихор менамуд ва Эден бошад маҳз ба хотири Зинедин ошиқи футбол шудааст...

Муносибати махсус.
“Ман Азарро барои “Реал” ҳатто бо чашмони пушида ҳам харидорӣ менамудам”,-бо хушнудии бузург гуфтааст Зинедин Зидан. Зидан ҳанӯз сармураббии “Реал” набуд,ки ба маҳорати ин белгиявии суръатнок баҳогузорӣ менамуд ва ҳатто мураббӣ ҳам нашуда буд ва дар Мадрид утоқи корӣ ҳам надошт. То таъинкунии Зизу чун мушовири Флорентино Перес он вақт се шабонарӯз монда буд.
 Ҳанӯз 29 майи соли 2009 каме бештар аз даҳ сол Зинедин Зидан ба ҷаҳониён дар мавриди бозингари маҳбубаш ғайр аз ҷуфти ҳукмрон ё худ Месси-Роналду эълон дошта буд ва то ҳол ба ин интихобаш вафодор аст.

  Он даврон Азарро аллакай Аврупои заковатманд медонисту ҷавонтарин бозингари Лигаи якум дар 16-солагияш ба ҳайати асосии “Лилл” ворид шуд ва дар мавсими дуввумӣ (2008/09) ҷоизаи беҳтарин бозингари ҷавони ин мусобиқотро аз худ кард. Зидан  бори нахуст ин вингери чапи  пурмаҳоратро соли 2010 ба “Реал”пешниҳод намуда буд, аммо трансфер амалӣ нашуд ва баъдан баҳри ба даст овардани Азар «МЮ», «Сити», «Челси», «ПСЖ» ва дигарон навбат мепоиданд.
“Азар-ин ахтари даврони оянда аст. Ӯ бозингари нағз аст ва боз ҳам беҳтар мешавад”,-идома медод дар суханҳояш Зидан. Вақте рӯзномаи мадридии Marca ба тамрингоҳи “Лилл” рафт ва чунин суханони Зиданро ба Эден расонид, ӯ ба ваҷд омада буд: “Ин малҳамест рӯи қалбам. Бароям ифтихори бузург аст шунидани чунин суханони нек аз инсоне ба монанди Зидан”.
 Азар мегӯяд,ки футболро маҳз ба хотири Зинедин дӯст дошта буд. Эҳтимолан Шумо чунин сурати ҷолиберо дидаед: се бародари Азар,ҳама бо пироҳани фаронсавии бузурги намунаи ҶҶ-1998 ва бо даҳгонаи зиданӣ дар сари сина. Эден –нафари канорӣ аз рост аст.





Таърихи он сурат  маҷмуан оддист барои ҳар нафаре,ки финали 1998-ро дидааст.. “Зидан бозингари маҳбуби ман буд. Ҳама вақт танҳо ҳамин футболбоз: Зидан, Зидан,Зидан,-ёдоварӣ менамояд он вақтро Азар.-Аз барои ӯ ман бозиҳои мунтахаби Фаронсаро бештар  аз бозиҳои мунтахаби Белгия тамошо менамудам.
Ва албатта ба хотири футболбози  фаронсавӣ Азар ошиқи рақами 10 гардид: “Метавон гуфт,ки ин муъҷизаи хурди  ман аст. Вақте ман хурд будам, ман ҳама вақт Зиданро бо ҳамин рақам медидам ва чунин рақамро бароям орзу менамудам”. 
Азар: “Итминон дорам,ки замоне ман ҳам дар Белгия кудаконро мафтун месозам,чӣ тавре маро Зидан ба ваҷд оварда буд. Ман аз ӯ ҳанӯз дар кӯдакӣ бисёр чизҳоро омӯхтам,барои он ки кассетаҳои видеоии бозиҳояшро тамошо менамуданд. Чунин корҳоро соатҳо давом медодам. 
Зидан:  “Кореро,ки Азар анҷом медиҳад олӣ аст. Ман ҳанӯз аз даврони бозингари “Лилл” буданаш ӯро пайгирӣ менамудам,чаро ки услуби бозияш ба ман наздик аст.  Ба ман писанд аст,вақте футболбозон ба ҳуҷуми зебо талош меварзанд. Ба Эден назар андӯхтан ҷолиб аст. Фикр мекунам барои ҷавонони ҳозира ин намунаи аъло аст”.
Зидан дар ҷавоб ба суоли маҳбубтарин бозингар ғайр аз Роналду ва Месси: 
“Дақиқан Азар аст ва агар ман нафари дуюмиро номбар кунам ин Неймар аст. Ҳуҷуми тезкорона ва хатарнок  ба ман кайфияти хоса мебахшад. Онҳоро ман дар “Реал” замоне дида метавонам? Аз ман пурсон нашавед. Ман одатан бозингарро нағз меписандам”.



Азар: “Ҳама медонанд,ки ман чӣ қадар  Зиданро чун бозингар дӯст медорам ва  чӣ қадар бо эҳтиром ба фаъолияти мураббигияш муносибат дорам. Намедонам дар фаъолияти варзишиям чӣ рух медиҳад,вале одатан зебо мебуд агар ман таҳти роҳбарии Зидан бозӣ менамудам. Чаро ки ӯ тамғаи нақшии ман аст  ва ман ба монанди ӯ бозӣ кардан мехостам. Ӯ  он қадар голҳои бештаре назадааст,аммо услуби бозияш муъҷизакорона  ва ҷаззоб буд”.
 Зидан: “Азар-бозингаре,ки ҳама вақт ба ман маъқул буд. (Дар ҷавоб ба суоли дар сурати харидории Азар Бейлро фурӯхтан зарур меояд) Ин нодуруст аст. Ҳамаи бозингарони бомаҳорат бо ҳамдигар хуб унс мегиранд. Замоне чунин гапҳои бемантиқро  нисбати ман ва Гуркюфф мегуфтанд. Мо андешаи пурқувват намудани хати ҳамларо дорем,аммо мебинем кор чӣ тавр ранг мегирад.
Азар дар мавриди бозгашти Зидан ба “Реал” дар соли 2019:  “Ман хушҳолам барои он, ки футбол ба Зинедин эҳтиёҷ дорад. Барои “Реал” ин хуб аст,барои мухлисони “Реал” хуб аст, аммо барои дигар дастаҳо ин дилпазир нест-чаро ки бо Зидан “Реал” бисёр ғолиб мебарояд”.
*** 
Ба назар менамояд,ки Азар ғутавари андешаи ҳамкорӣ бо қаҳрамони кудакист  ин  на талоши ягонаи ин белгиявист. Ӯ гуфта буд,ки агар Зидан роҳбарии "Манчестер Юнайтед”-ро бар дӯш гирад, аз пасаш намеравад,барои он ки ҳаёти худро дорад ва дар Англия танҳо “Челси”-ро интихоб менамояд.
Эденро боз бузургии шоҳии “Реал” сӯи худ мекашад, тасдиқ намудааст дӯсти наздики ӯ Кристиан Бентеке: “Вақте мо бори нахуст даҳ сол пеш вохӯрда будем, ӯ ба ман гуфт, ки орзӯи ӯ-бозӣ намудан дар “Хонаи сафед” аст. Мо дар ин маврид бисёр ҳарф мезадем”.



Хонаи сафед бошад аллакай дар ҳоли пешвозгирии Эден Азар аст.












Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив