LIVE

Маълумотҳои ҷолиб дар бораи Эл–Классико

Имшаб  мухлисону дилбохтагони футбол дар сартосари сайёра ба ду қисм тақсим мегарданд. Як қисм ранги нилунориро ихтиёр мекунаду ҷониби дигар  бошад, ранги сафед.  Набарди абадии пойтахти Испания зидди Каталония.  Рақобати дастаҳои оштинопазир маъруф бо номи Эл - Классико дар дили шаб сурат мегирад. Дар олам танҳо як бозиест, ки ҳеҷкасро бе тараф намегузорад. Ҳатто одамони дур аз футбол бесаброна рақобати пуршиддати муборизони ашадӣ, Барселона ва Реал Мадридро интизоранд.  То оғози бозӣ ҳанӯз соатҳост, аммо дар  “Камп Ноу”, ки ғунҷоиши анқариб 100 ҳазор мухлисро дорад, кули чиптаҳо ба фурӯш баромадаанд. Ситоди мураббиёни бошгоҳи “Реал Мадрид” бо роҳбарии Зинедин Зидан 19 футболбозашро барои бозӣ бо “Барселона” ба рӯйхат шомил намуданд. Ба ин рӯйхат дифоъгар Марсело, нимҳимоятгар Хамес Родригес ва ҳамлавар Эден Азар бо сабаби лат  доштанашон шомил нашуданд. Бошгоҳи шоҳона дар 6 дидори охир наметавонад ба ин рақиби азалии  худ пирӯзӣ ба даст орад. Оё Зинедин Зидан бо шогирдонаш метавонанд тилисми ин нобарориҳоро дар Каталония шикананд?. Аз ҷониби дигар футболбозони Барселона ба мухлисони даста ваъда додаанд, ки дар ин дидор дастболо хоҳанд шуд. Леонел Месси, ки чанде қабл тӯби 6-уми тиллои худро ба даст овард мехоҳад исбот созад, ки ин ҷоизаро ҳамту ба ӯ надодаанд. Хатти ҳамлаи бошгоҳи каталониро  Месси, Суарес ва Гризмман ташкил мекунанд, ки дар ҳолати хуби ҷисмони қарор доранд. Ин дидор барои дастаҳо дар бозиҳои расми 202-юмин ба ҳисоб меравад. Дар 83 дидор бошгоҳи шоҳона ва дар 79 бозӣ каталониҳо пирӯз гардидаанд. Ҳамчунин 39 дидор мусовӣ ҷанбаст гардидааст. Ин дидор дар ҳоле сурат мегирад, ки «Барселона» ва «Реал» зинаи аввалро дар ҷадвали умумии Ла-Лига тақсим карда наметавонанд ва рақобати бошгоҳҳои муқтадир ба ин масъала низ нуқта гузошта метавонад.
Мадридиҳо дар бозии даври гузашта қаҳрамонона аз холати бохт наҷот ёфтанд, ҳарчанд имкон доштанд, ки бо шикаст додани “Валенсия”  ба варзишгоҳи «Камп Ноу» ба ҳайси лидери асосии Чемпионати Испания ворид шаванд.  Барселонаро дар ин бозӣ Дембеле кӯмак карда наметавонад. Аммо ҳамагон хоҳиши онро доранд, ки ба майдон ситораи навтулӯъи 17 солаи Барса Фати ба майдон барояд.  Бо рафтани Роналду “Реал” дар ёфтани чунин як пешво (лидер) мушкилӣ мекашид. Аммо яку якбора футболбозе, ки ҳамеша зери тозиёнаи танқид қарор мегирифт сар боло карду аз ҳамчун як ҳамлагари дастон дарак дод. Ин Карим Бензема мебошад, ки ҳамлавари фаронсавӣ бо футболбози дастони аргентинӣ Месси дар Чемпионат 12 голӣ задаанд ва ин шом имкон доранд, ки нишондоди худро боз ҳам беҳтар созанд.
Дар мавриди қисмати дифои “Барселона бошад” дар 16 дидор каталониҳо танҳо дар 4 рақобат дарвозаашонро аз гол эмин нигоҳ доштаанду тамом.  Дар рӯ ба рӯи ин дидор бахт барои Валверде хандид, зеро бозикуни асосии ӯ Жорди Алба баъд аз табобат дубора ба по хестааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив