LIVE

"Ливерпул" дар фикри ҷудо шудан аз Клопп нест

 «Ливерпул» ба сармураббии клуб Юрген Клопп бовар дорад.  Ба гуфтаи манбаъ, худи Клопп низ дар бораи тарки даста фикр намекунад.  «Ливерпул» ният дорад, ки тобистони оянда якчанд трансферҳои беҳтаринро анҷом диҳад.  Дар зимистон бошгоҳи инглисӣ тасмим гирифтааст, ки дастаро бо нимҳимоятгари марказӣ пурзӯр кунад.  Пас аз 12 даври чемпионати Англия «Ливерпул» бо 16 имтиёз дар ҷои 9-ум қарор дорад.  Клопп аз соли 2015 ба ин сӯ сармураббии “Ливерпул” аст.  Мутахассис ва клуб то соли 2026 шартнома доранд.  Дар соли 2019 даста таҳти роҳбарии ӯ дар бозии ҳалкунандаи мусобиқа бар «Тоттенхэм» бо ҳисоби 2:0 пирӯз омада, ғолиби Лигаи чемпионҳо гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив