Муҷассамаи ҳамлагари мунтахаби Португалия Криштиану Роналду дар майдони Таймс дар қисмати марказии Манхеттени шаҳри Ню Йорк ба муносибати 40-солагии зодрӯзаш рӯзи 5-уми феврал гузошта шуд.
Баландии ин муҷассама, ки болои мошини боркаш гузошта шудааст, 3,6 метр аст. Муаллифи муҷассама Серхио Фурнари мебошад.
Феълан футболбоз дар маснади варзишии худ 923 гол ба самар расонидааст. Ҳамзамон ӯ 788 маротиба дар сатҳи бошгоҳӣ, 135 маротиба дар ҳайати тими миллии Португалия ба задани гол даст ёфтааст. Роналдуи 40-сола панҷ бор барандаи «Тӯби тиллоӣ» ва ҳамин қадар маротиба ғолиби Лигаи Чемпионҳо шудааст. Соли 2016 Роналду қаҳрамони Аврупо гардида буд.