LIVE

Натиҷаи қуръакашии даври якуми Чемпионати Тоҷикистон -2025

Имрӯз, 7-уми феврал, дар маҷмааи «Кохи Парфенон»-и пойтахт маросими қуръапартоии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2025 баргузор шуд.
Дар 34-умин мавсими чемпионати Тоҷикистон 12 даста иштирок мекунанд – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳарду аз Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Вахш» (Бохтар), «Ҳулбук» (Восеъ), «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунода), «Барқчӣ» (Ҳисор) ва “Панҷшер” (Ҷалолиддини Балхӣ)
Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон рӯзи 7-уми март оғоз мегардад ва дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар натиҷаи бозиҳои 22 давр дастаи зинаи охирин ба лигаи якум мефарояд, чемпиони лигаи якум бошад мустақиман роҳхат ба лигаи олӣ пайдо мекунанд. Дастаи зинаи 11-уми лигаи олӣ бошад бо барандаи медалҳои нуқраи лигаи якум ду бозии гузаришӣ анҷом медиҳанд.
Вобаста ба рақамҳои тартибие, ки собиқадорони футболи тоҷик Субҳон Хоҷамов ва Нуриддин Давронов дар қураъкашӣ гирифтанд, тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон тартиб дода мешавад.
Мувофиқи низоми Бергер, дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон-2025 дастаҳо ба таври зайл байни ҳам бозӣ мекунанд:
«Панҷшер» – «Ҳулбук»
КМВА – «Ҳосилот»
«Вахш» – «Эсхата»
«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»
«Истиқлол» – «Хуҷанд»
«Равшан» – «Истаравшан» 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив