LIVE

Қуръакашии Париматч – Лигаи якуми Тоҷикистон -2024 доир шуд

Имрӯз маросими қуръапартоии бозиҳои мавсими 33-юми Лигаи якуми Тоҷикистон баргузор гардид. 
Имсол дар мусобиқаи Париматч – Лигаи якуми Тоҷикистон-2024 13 даста иштирок мекунанд – ду даста аз ноҳияи Восеъ “Файзканд” ва “Ҳулбук”, “Моҳир”-и Ёвон, “Парвоз”-и фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд, “Шодмон”-и Ҳисор, “Сарҳадчӣ”-и Ҳамадонӣ, “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ, “Исфара”-и Исфара, “Душанбе”-и пойтахт, инчунин чор дастае, ки ҳамин мавсим аз Лигаи дуюм роҳхат ба Лигаи якум ба даст оварданд – “Ёқут”-и Ваҳдат (собиқ “Ваҳдат”) ва “Сардор”-и Турсунзода (собиқ “Регар”) аз минтақаи Душанбе, “Сомон”-и Данғара аз минтақаи Хатлон ва “Саразм”-и Панҷакент аз минтақаи Суғд.
Мавсими нави Лигаи якуми кишвар 20-уми апрел оғоз мегардад ва дар ду марҳила баргузор мешавад. Ғолиби Лигаи якум роҳхати мустақим ба мавсими ояндаи Лигаи олӣ ба даст меорад, барандаи медалҳои нуқраи Лигаи якум бошад бо дастаи зинаи 11-уми Лигаи олӣ ду бозии гузаришӣ анҷом медиҳанд. 
Вобаста ба рақамҳои тартибие, ки собиқадорони футболи тоҷик Субҳон Хоҷамов ва Ҷамшед Исмоилов дар қуръакашӣ аз сабадҳо бароварданд, тақвими бозиҳои Лигаи якум тартиб дода мешавад.
Мувофиқи низоми Бергер, дар даври аввали Париматч – Лигаи якуми Тоҷикистон-2024 дастаҳо ба таври зайл байни ҳам бозӣ мекунанд:
“Моҳир” – “Саразм”
“Ёқут” – “Шодмон”
“Саройкамар” – “Файзканд”
“Сомон” – “Сардор”
“Ҳулбук” – “Сарҳадчӣ”
“Исфара” – “Душанбе”

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив