LIVE

Мӯҳлати баргузории қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон- 2024 маълум шуд

7-уми март дар «Кохи Парфенон»-и пойтахт маросими қуръакашии тақвими бозиҳои 1XBet-чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешавад. Оғози чорабинӣ соати 9:30.

Дар 33-юмин чемпионати Тоҷикистон 12 бошгоҳ – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Эсхата», «Хуҷанд» (ҳарду аз Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Вахш» (Бохтар), «Куктош» (Рӯдакӣ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Барқчӣ» (Ҳисор) ширкат мекунанд.

Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон дар ду давра баргузор мешавад, ки ҳар як даста дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. Умуман, дар мавсим ҳар як тим 22 вохӯригӣ мегузаронад. Дастае, ки дар лигаи олӣ дар мавсими соли 2024 мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум меравад ва дастае, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.

33-юмин мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 6 апрел оғоз мешавад.

🏆 Иштироккунандагони 1XBet-чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои лигаи олӣ:
✅ «Истиқлол» (Душанбе)
✅ «Равшан» (Кӯлоб)
✅ «Эсхата» (Хуҷанд)
✅ «Куктош» (Рӯдакӣ)
✅ КМВА (Душанбе)
✅ «Хуҷанд» (Хуҷанд)
✅ «Ҳосилот» (Фархор)
✅ «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
✅ «Вахш» (Бохтар)
✅ «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
✅ «Истаравшан» (Истаравшан)
✅ «Барқчӣ» (Ҳисор)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив