LIVE

Маросими қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон -2023 доир гардид

Дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе имрӯз, 1-уми июл маросими қуръакашии 1XBet-Ҷоми Тоҷикистон-2023 баргузор шуд. Ҳарифони 16 дастае, ки рақобатро аз марҳилаи  1/8 ниҳоӣ оғоз мекунанд, маълум шуданд.
Рақобат баҳри ҷоизаи ифтихорӣ аз марҳилаи   1/8 ниҳоии Ҷоми кишварро даҳ дастаи Лигаи олӣ ва шаш дастаи  лигаи якум, ки тибқи натиҷаи рақобатҳои даври пешин ба сабади асосии мусобиқа роҳ ёфтаанд,  шурӯъ мекунанд.
Тибқи ҷамъбасти натиҷаи қуръакашӣ дар доираи бозиҳои марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023, ки рӯзҳои 29-ум ва 30-юми июл баргузор мешаванд, рақобатҳои «Истиқлол» – КМВА, «Файзканд» – «Саройкамар», «Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ», «Панҷшер» – «Эсхата», «Моҳир» – «Истаравшан», «Парвоз» – «Хатлон», «Ҳосилот» – «Барқчӣ» ва «Куктош» – «Равшан» доир мешаванд.
Даври 1/8 ва 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ иборат буда, дар майдони дастае доир мешаванд, ки дар қуръакашӣ якум қайд шудаанд. Вохӯриҳои ниманиҳоӣ аз ду бозӣ иборатанд – бозиҳои хонагӣ ва сафарӣ. Баргузории бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2023 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб дар назар аст.
1XBet-Ҷоми Тоҷикистон-2023
1/8 ниҳоӣ
29-30-юми июл  (шанбе, якшанбе)
«Истиқлол» – КМВА
«Файзканд» – «Саройкамар»
«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»
«Панҷшер» – «Эсхата»
«Моҳир» – «Истаравшан»
«Парвоз» – «Хатлон»
«Ҳосилот» – «Барқчӣ»
«Куктош» – «Равшан»

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив